Май 17, 2021 20:28 Asia/Dushanbe
  • Ҳамоиши бозаргонони тоҷику қазоқ ба муддати се рӯз баргузор мешавад
    Ҳамоиши бозаргонони тоҷику қазоқ ба муддати се рӯз баргузор мешавад

Ҳамоиши бозаргонони тоҷик ва қазоқ аз имрӯз ба муддати се рӯз бо ҳузури ширкатҳои барҷастаи ду кишвар дар шаҳри Душанбе оғоз ба кор кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, ин ҳамоиши густардаи тиҷориро маркази тавсеъаи сиёсати тиҷории «Қазтрид» ва Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон созмондиҳӣ кардааст. 

Дар ин ҳамоиш қарор аст бозаргонони Тоҷикистон ва Қазоқистон  таъмиқи ҳамкорӣ дар заминаҳои мухталифи иқтисодиро баррасӣ кунанд. 

Ҳамзамон бо оғози ин ҳамоиш, Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  дар тамоси телефонӣ бо Қосим  Ҷумарт Токаев   ҳамтои  қаззоқи худ густариши равобити дӯстӣ ва ҳамкории ду кишварро хостор шуд. 

Ҳамчунин қарор бар ин аст дар сафари расмии Токаев ба Душанбе дар рӯзҳои 19 - 20 май бахши густардае аз мавзӯъоти иқтисодӣ , амниятӣ ва энержӣ мавриди баҳсу табодули назар қарор гирад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп