Май 18, 2021 18:49 Asia/Dushanbe
  • Созмони ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон мегуяд, набояд нархи билети ҳавопаймо дар масири  Маскав аз 8 ҳазору 500 сомонӣ бештар шавад
    Созмони ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон мегуяд, набояд нархи билети ҳавопаймо дар масири Маскав аз 8 ҳазору 500 сомонӣ бештар шавад

Раиси Созмони ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон аз лағви бекор кардани иҷозатномаи ду ширкати русӣ ба далели гаронфурӯшии билети ҳавопаймо хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Спутник, Икром Субҳонзода гуфтааст, ки ширкатҳои ҳавопаймоии “Сибир” ва “Северний ветер”-и Русия бар хилофи тааҳҳуди қаблии хеш барои коҳиши қимати билети ҳавопаймо дар парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия ба гаронфурӯшӣ идома доданд, ки мӯҷиби шикояти мусофирон гардид ва муҷавизи парвозҳои ин ду ширкат лағв шуд.

Вай таъкид кардааст, ки ин ду ширкат ваъда дода буданд, ки қимати билети ҳавопаймо дар масири Душанбе ва Хуҷанд ба Маскавро аз 8 ҳазору 500 сомонӣ бештар таъйин накунанд, ки дар амал ба 15 ҳазор сомонӣ расонданд ва ин иқдом хилофи тааҳҳуди онон мебошад. Аз сӯи дигар як манбаи огоҳ, ки хост номаш фош нашавад эълом кард: "дар ҳоли ҳозир ширкатҳои ҳавопаймоии Русия аз ҳар парвозашон аз шаҳрҳои Тоҷикистон ба Маскав 100 ҳазордоллар даромади соф касб мекунанд. Зеро интиқоли 200 мусофир бо ҳар парвоз, ки қимати билети ҳар як нафар 800 доллар аст барои ширкатҳо 160 ҳазордоллар даромад дорад. Аз ин маблағ ҳазинаи 25 ҳазордоллар хадамоти фурӯдгоҳӣ 1 ҳазор доллар, хадамоти бурҷи муроқибат 9 ҳазор доллар харҷи умури идорӣ ва 20 ҳазор доллар қимати сӯхт ва дигар маворид мебошад, ки барои ширкатҳо аз ҳарпарвоз100 ҳазордоллар даромади соф боқӣ мемонад."

Ҳазорон нафар аз коргарони муҳоҷири тоҷик, ки дар соли 2020 ба далели густариши вируси корона натавонистанд ба Русия бираванд, талош мекунанд, ки бо дарёфти қарзҳои бонкӣ ва таҳияи билет ба қимати ҳангуфт барои кор худро ба Русия бирасонанд.

Бештар бихонед:

Барчасп