Радди дахолати шаҳрвандони тоҷик дар низоъи ҷамъӣ дар Маскав
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i67402-Радди_дахолати_шаҳрвандони_тоҷик_дар_низоъи_ҷамъӣ_дар_Маскав
Сафорати Тоҷикистон дар Русия дахолати шаҳрвандони тоҷик дар даргирии Маскавро рад кард .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 20, 2021 19:00 Asia/Dushanbe
  • Сафорати Тоҷикистон дар Русия
    Сафорати Тоҷикистон дар Русия

Сафорати Тоҷикистон дар Русия дахолати шаҳрвандони тоҷик дар даргирии Маскавро рад кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон расонаҳои русӣ гузориш доданд дар бинои  рақами 39-и хиёбони Вернадский, дар ҷанубу ғарби Маскав низоъе байни муштариёни ресторане рух дод,ки дар асари ҷароҳатбардорӣ 6 нафар ба бемористон мунтақил ва 9 нафар боздошт шуданд .

Як манбаи хабарӣ эълом кард,ки ин даргирӣ ба далоили шахсӣ рух додааст ва дар он 15 нафар аз шаҳрвандони Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳузур доштанд .

Аммо сафорати Тоҷикистон дар Русия дахолати шаҳрвандони тоҷик дар ин даргириро рад кардааст .

Кормандони идораи консулии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав низ ба полис эълом карданд, ки дар ин даргирӣ ҳеч шаҳрванде аз Тоҷикистон дахолат надоштааст .

 

    Бештар бихонед :