Тааҳҳуди ширкатҳои русӣ барои риояти нархи билет дар Тоҷикистон
(last modified Sat, 22 May 2021 14:07:47 GMT )
Май 22, 2021 19:07 Asia/Dushanbe
  • Субҳонзода: Дар сӯрати гаронфурӯшӣ бо ширкатҳои мутахаллиф бархӯрд хоҳад шуд
    Субҳонзода: Дар сӯрати гаронфурӯшӣ бо ширкатҳои мутахаллиф бархӯрд хоҳад шуд

Раиси Созмони ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон аз судӯри муҷаввизи парвоз барои се ширкати русӣ хабар дод, машрӯт ба инки қимати билет дар масири Душанбе ба шаҳрҳои Русияро беш аз 500 доллар таъйин накунанд.

Ба гузориши сомонаи Спутник, Икром Субҳонзода эълом кард, ки ширкатҳои русии "хутути ҳавоии Урал", "Сибир" ва " Северний ветер" тааҳҳуд додаанд, ки қимати билет аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои Русияро аз 500 доллар гаронтар нахоҳанд кард.

Вай мегӯяд, акнӯн қимати билети парвоз аз Тоҷикистон ба Русия мушаххас шудааст ва дар сӯрати гаронфурӯшӣ бо ширкатҳои мутахаллиф бархӯрд хоҳад шуд.

Аз ин рӯ, аз мусофирон хоста шудааст, ки дар сӯрати мушоҳидаи гаронфурӯшии билети ҳавопаймо ба Созмони ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон муроҷиа кунанд.

Созмони ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон қаблан низ нархи билет барои ҳар мусофирро 500 доллар таъин карда буд.

Бо ин ҳол ду ширкати русии "Северний ветер" ва "Сибир" дар фурӯдгоҳҳои Душанбе ва Хуҷанд билетҳоро гаронтар аз қимати таъин шуда фурӯхтанд, ки мӯҷиби лағви муваққати муҷаввизи парвози онҳо ва оворагии 2 ҳазор мусофир шуд.

Бештар бихонед: