Кишти картошка дар 3000 гектар заминҳои кишоварзии ноҳияи Лахш
(last modified Sun, 23 May 2021 14:58:39 GMT )
Май 23, 2021 19:58 Asia/Dushanbe
  • Шинонидани картошка дар 3000 гектар заминҳои кишоварзии ноҳияи Лахш
    Шинонидани картошка дар 3000 гектар заминҳои кишоварзии ноҳияи Лахш

Кишоварзони ноҳияи Лахш имсол дар ҳудуди 3000 гектар аз заминҳои кишоварзӣ картошка мекоранд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Вазорати зироати Тоҷикистон, ҳамчунин қарор аст дар 966 гектар заминҳои кишоварзии ин ноҳия  базри анвоъи ғаллот ва дар 15 гектар низ базри сабзиҷот кошта мешавад. 

Муовини раиси идораи кишоварзии ноҳияи Лахш гуфт: 1716 ширкати кишоварзӣ дар ин ноҳия фаъолият мекунанд. 

Акрам Осимиддинзода афзуд: Арзиши маҳсулоти кишоварзии ноҳия дар се моҳаи аввали соли 2021 ҳудуди 9 миллиону 779 ҳазор сомонӣ будааст, ки ин маблағ  нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузаштаи 459 ҳазор сомонӣ бештар аст. 

 "Бо мақсади таъмини оби зарурӣ барои кишти маҳсулот дар 4090 гектар замин дар ин минтақа, иншооти обрасонӣ ва интиқол  барқарор ва аз нав сохта мешаванд", - гуфт Суюн Тойлубоев, сардори Идораи тандурустӣ ва обёрии заминҳои ноҳияи Лахш.

Ӯ афзуд токунун бо мушорикати сокинони ин ноҳияи 80 километр  канали обрсонӣ таъмир ва лоӣрӯбӣ шудааст.

 

Бештар бихонед: