Рекорди ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон
(last modified Sat, 03 Feb 2024 09:49:20 GMT )
Феврал 03, 2024 14:49 Asia/Dushanbe
  • Рекорди ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон

Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон аз рекорди ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ дар ин кишвар дар соли гузашта сӯҳбат кард.

Вазири кишоварзӣ гуфт, ки дар соли 2023 тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ болиғ бар 63 миллиарду 28 миллиону 400 ҳазор сомонӣ будааст. Ин 109 дарсад бештар аз соли 2022 аст.

 Ӯ афзуд: Ба вежа, дар соли 2023, бардошти картошка 4.6%, сабзиҷот - 11.5%, харбуза - 19.9%, меваҳо - 129.7%, гӯшт - 14.5% (аз ҷумла гӯшти мурғ - 14.0%), шир – 5%  афзоиш ёфт. Тухми мурғ - 1%, пашм - 4.5%, асал - 2.9% ва моҳӣ - 14.9%. афзоиш ёфт.

 Ба гуфтаи вазири кишоварзии Тоҷикистон , нишондодҳои тавлид тақрибан барои ҳама навъҳои маҳсулот афзоиш ёфта ва аз пешбинии нишондодҳои калони иқтисодии ҷумҳури барои солҳои 2023-2025 фаротар рафтааст.