Саргардонии 300 мусофири тоҷик дар фурудгоҳи Бишкек
Мақомоти Қирғизистон ба 300 мусофири тоҷик дар фурудгоҳи Бишкек иҷозаи идоомаи сафар надодаанд ва ин мусофирон акнун саргардон ҳастанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ Тиҷӣ, ، 200 нафар аз ин мусофирон бо ҳавопаймои ширкати Сомон Эйр ба Бишкек омада ва қарор буд ба Русия парвоз кунанд ва 100 тани дигар аз Русия ба Қирғизистон ворид шуда ва қасд доштанд ба Тоҷикистон раванд, ки акнун дар салони тронзити фурудгоҳи Бишкек гирифтор шудаанд.
Аксари ин мусофирон мегӯянд, ки қабл аз парвоз ба онон дар бора мамнӯъ будани вуруди атбоъи Тоҷикистон ба Қирғизистон ва баста шудани марзҳои ду кишвар итилоъ надодаанд.
Идораи ҳавопаймоии шаҳрвандии Тоҷикистон низ гуфтааст, ки дар бораи баста шудани марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон иттилое надорад.
Аз сӯи дигар консули сафорати Тоҷикистон дар Бишкек Абӯбакр Шодиев гуфтааст, ки дар ин маврид вориди музокира бо мақомоти Қирғизистон шуда ва талош мекунад, ки ин мушкил ҳал гардад.
Рӯзи 24 май нахуствазири Қирғизистон Улуғбек Маъруфов дар сафар ба ноҳияи Чонолойи вилояти Ош дар марз бо ноҳияи Лахши Тоҷикистон эълом кард, ки то ҳаллу фасли мушкили аломатгузории марзи муштараки ду кишвар, тамоми гузаргоҳҳои марзӣ баста боқӣ хоҳад монд.
Ҳукумати Қирғизистон низ дар баёнияе таъкид кардааст, ки рафту омад аз марз бо Тоҷикистон танҳо барои кормандони сафоратҳо ва консулгариҳои ду кишвар ва аъзои хоаиводаҳои онон, кормандони ниҳодҳои хориҷӣ ва мақомоти расмии Душанбе ва Бишкек бо ҳамоҳангии қаблӣ имконпазир аст.
Гуфтани аст дар лаҳзаи омода шудани ин хабар эълом шуд, ки ҳавопаймои ширкати Сомон Эйр, ки бо 200 мусофир дар фурудгоҳи Бишкек нишаста буд ба далели мухолифати Қирғизистон ба вуруди тоҷикон маҷбур шуд мусофиронашро ба Душанбе бозгардонад.
Бештар бихонед: