Январ 27, 2024 16:48 Asia/Dushanbe
  • Ҷаласаи гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар шаҳри Бӯстон

Дар Бӯстон мулоқоти гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид.

Ба гузориши сомонаи «Ховар», дар асоси мувофиқаи бадастомадаи рӯзҳои 21-27 январи соли 2024 дар шаҳри Бӯстони Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид.

Дар доираи вохӯрӣ ҷонибҳо дар минтақаҳои боқимондаи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон корҳои саҳроӣ баргузор намуда, ба мувофиқа расиданд, ки корҳоро дар вохӯрии навбатӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад, идома диҳанд.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.

 

Барчасп