Истеъфои Зоиров аз раёсати Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон
(last modified Wed, 26 May 2021 13:38:51 GMT )
Май 26, 2021 18:38 Asia/Dushanbe
  • Қиёмиддин Азизов муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон кафили раёсати ин ҳизб хоҳад буд
    Қиёмиддин Азизов муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон кафили раёсати ин ҳизб хоҳад буд

Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон аз мақоми худ истеъфо кард.

Ба гузориши сомонаи Авесто, вай ки раиси танҳо ҳизби мунтақиди ҳукумати Тоҷикистон дар дохили ин кишвар аст, далели истеъфои худро беморӣ эълом кардааст.

Зоиров дар номаи истеъфои худ ба Шӯрои сиёсии Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ёдовар шудааст, ки аз соли 2020 ба шиддат аз подард ранҷ мебарад ва ниёз ба дармон дорад.

Бар ин асос, Қиёмиддин Азизов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон кафили раёсати ин ҳизб хоҳад буд.

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар соли 1999 сабти ном шуд ва аз он замон токунӯн раёсати он бар ӯҳдаи Зоиров будааст.

Ин ҳизб бо вуҷӯди талошҳои зиёд натавонист дар интихоботи порлумонии солҳои 2005, 2010, 2015 ва 2020 аъзои худро вориди Маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон кунад.

Бештар бихонед: