Вазорати хориҷаи Тоҷикистон: Ба Қирғизистон сафар накунед
Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон аз шаҳрвандон дархост кардааст, ки аз ҳар навъ сафари ҳавоӣ, заминӣ ва транзитӣ ба Қирғизистон худдорӣ кунед.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, дар ин баёния таъкид шудааст, ки тарафи Қирғизистон аз қабл дар бораи тасмими хеш барои бастани марзҳои ҳавоӣ бо Тоҷикистон итилоърасонӣ накарда буд ва бидуни огоҳии қаблӣ рӯзи 26 май ҳавопаймои ширкати Сомон Эйри Тоҷикистонро бо 200 мусофир аз фурудгоҳи Бишкек ба Душанбе бозгарданд.
Ин баёния мефзояд: «Ҳамчунин 100 мусофири дигари тоҷик, ки бо парвози ҳавопаймои ширкати русӣ ба Бишкек омада буданд то аз роҳи заминӣ ба шимоли Тоҷикистон бираванд, иҷозаи вуруд ба дохили Қирғизистонро надоранд ва дар салони транзити фурудгоҳи пойтахти ин кишвар саргардон мондаанд.»
Вазорати хориҷаи Тоҷикистон бо ёдоварии ин мавридҳо аз тамоми мусофирони тоҷик дархост кардааст, ки аз ҳар навъи сафар ба Қирғизистон худдорӣ кунанд.
Ин дар ҳолест, ки ду рӯз қабл нахуствазири Қирғизистон Улуғбек Маъруфов дар сафар ба ноҳияи Чонолойи вилояти Ош дар марз бо ноҳияи Лахши Тоҷикистон эълом кард, ки то ҳаллу фасли мушкили аломатгузорӣ марзи Тоҷикистону Қирғизистон, тамомии гузаргоҳҳои марзии ду кишвар баста хоҳад монд.
Ҳукумати Қирғизистон низ дар баёнияе таъкид кардааст, ки рафтуомад аз марз бо Тоҷикистон танҳо барои кормандони сафоратҳо ва консулгариҳои ду кишвар ва аъзои хонаводаҳои онон, кормандони ниҳодҳои хориҷӣ ва мақомоти расмии Душанбе ва Бишкек бо ҳамоҳангии қаблӣ имконпазир аст.
Бештар бихонед: