Май 30, 2021 11:36 Asia/Dushanbe
  • Бонки ҷаҳонӣ барои ислоҳоти молиётӣ дар Тоҷикистон қаблан низ 18 миллион доллар ихтисос дода буд
    Бонки ҷаҳонӣ барои ислоҳоти молиётӣ дар Тоҷикистон қаблан низ 18 миллион доллар ихтисос дода буд

Шӯрои мудирони Бонки Ҷаҳонӣ барои ислоҳот дар низоми молиётии Тоҷикистон 50 миллион доллар ихтисос дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Бонки Ҷаҳонӣ ин манобеи молӣ барои ҳимоят аз иҷрои қонуни ҷадиди молиёт, ҷилавгирӣ аз фирори молиётӣ ва эҷоди заминаи рушди бахши хусусӣ дар Тоҷикистон сарф хоҳад шуд .

Ян Петралтерс-намояндаи доими Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон мегуяд : Яке аз аҳдофи ислоҳи қонуни молиёт(андоз)и Тоҷикистон бо кумаки Бонки Ҷаҳонӣ шаффофсозии пардохти молиёт, эҷоди шароити беҳтар барои фаъолияти бахши хусусӣ ва тавозуни миёни ширкатҳои давлатӣ ва  хусусии ин кишвар аст .

Ҳамчунин ин ислоҳот барои коҳиши молиёти дарёфтӣ ва фароҳам кардани заминаи рушди бахши хусусӣ ва эҷоди ҷойҳои корӣ дар Тоҷикистон муфид хоҳад буд .

Солҳои пеш коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ ба ин натиҷа расида буданд, ки дар Тоҷикистон мизони молиёти дарёфтӣ бисёр зиёд аст ва муҷиби эҷоди фақру нобаробарии иҷтимоӣ дар ҷомеъа мешавад .

Бонки Ҷаҳонӣ барои ислоҳот дар низоми молиётии Тоҷикистон қаблан низ 18 миллион доллар ихтисос дода буд .

   

  Бештар бихонед :

 

Барчасп