Сафири Тоҷикистон дар Эрон: Пайвастани Эрон ба Шанхай аз барномаҳои аслии ин созмон аст
(last modified 2021-05-30T12:46:18+00:00 )
Май 30, 2021 17:46 Asia/Dushanbe
  • Сафири Тоҷикистон дар Эрон: Дар ҳоли ҳозир раёсати СҲШ бар уҳдаи Тоҷикистон аст
    Сафири Тоҷикистон дар Эрон: Дар ҳоли ҳозир раёсати СҲШ бар уҳдаи Тоҷикистон аст

Сафири Тоҷикистон дар Эрон, пайвастани Эрон ба Созмони Ҳамкории Шанхайро аз барномаҳои аслии ин созмон донист.

Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон рӯзи якшанбе бо баёни ин ки пайвастани Эрон ба Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба унвони узви аслӣ аз барномаҳои ин созмон аст, гуфт: Тасмимоти созмон бояд бо ризоияти ҳамаи кишварҳои узв бошад.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон афзуд: Дар ҳоли ҳозир раёсати созмон бар уҳдаи Тоҷикистон аст ва шаҳривармоҳ (август - сентябр) - и имсол (1400) ва дар бистумин нишасти СҲШ раёсати баъдии созмон ба Узбакистон мерасад.

Низомиддин Зоҳидӣ ҳамчунин гуфт: СҲШ аз созмонҳои бонуфӯзи ҷаҳон ба шумор меравад.

Созмони Ҳамкории Шанхай дар соли 2001 бо мушорикати Чин, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон бо рӯйкард ба ҳамкориҳои чандҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ бунён гузошта шуд.

Ин созмон акнун 12 узв дорад.

Ҷумҳурии исломии Эрон, Афғонистон, Муғулистон ва Белорус аъзои нозири ин созмон ҳастанд.

Ҳузури Эрон ба унвони узви нозир дар Созмони Ҳамкории Шанхай фурсатҳои тозаеро барои ҳамкориҳои мутақобил дар заминаҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, сиёсӣ ва амниятӣ бо тавваҷуҳи зарфиятҳои Эрон эҷод кардааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп