Эҷоди бозори кор барои муҳоҷирини корӣ дар Тоҷикистон
(last modified 2021-05-31T16:31:06+00:00 )
Май 31, 2021 21:31 Asia/Dushanbe
  • Эҷоди бозори кор барои муҳоҷирини корӣ дар Тоҷикистон

Раиси Иттифоқи касабаи Тоҷикистон аз эҷоди бозори кор барои муҳоҷирини корӣ дар ин кишвар хабар дод.

Маликшоҳ Неъматзода, раиси Иттифоқи касабаи Тоҷикистон дар мавриди эҷоди бозори кор барои муҳоҷирони коргар дар ин кишвар хабар дод.

Вай ҳадаф аз эҷоди бозори кор барои муҳоҷирони коргари вобаста ба Иттифоқи касабаи Тоҷикистонро тақвияти иҷрои аҳдофи иттиҳодияҳои коргарӣ унвон кард.

Иттифоқи касабаи Тоҷикистон ҳамроҳ бо ниҳодҳои байнисозмонии иттиҳодияҳои коргарӣ бо ҳамтоёни худ дар кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар заминаи муҳоҷират ҳамкорӣ мекунанд.

Мақоми тоҷик муътақид аст, ки бо иҷрои ин тарҳ бозор ва нерӯҳои кори Тоҷикистон қодир хоҳанд буд то бо шуракои хориҷии худ барои ҳимоят аз ҳуқуқу манофеи коргарони муҳоҷирон ва иттиҳоди онҳо ҳамкорӣ ва рақобат кунанд.

Юлдош Эшов, мудири ин бозори кори тозатаъсис ҳадафи аслии эҷоди онро тазмини иштиғоли шаҳрвандони Тоҷикистон, ба вижа ҷавонон дар дохилу хориҷи ин кишвар ва ҳамчунин ҳимоят аз ҳуқуқи коргарӣ ва манофеи иҷтимоиву иқтисодии коргарони муҳоҷирон эълом кард.

Бинобар гузоришоти мухталиф, ҳудуди як миллион коргари муҳоҷири тоҷик дар Русия ва дигар кишварҳо машғул ба кор ҳастанд.

Бар асоси гузориши Бонки марказии Русия, мизони интиқоли пули муҳоҷирони коргар ба Тоҷикистон дар соли 2020 мелодӣ як миллиарду 741 миллион доллар будааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп