Дидори вазири иқтисоди Тоҷикистон бо вазирони иқтисоди кишварҳои ИДМ 
(last modified Tue, 01 Jun 2021 12:07:37 GMT )
Июн 01, 2021 17:07 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазири иқтисоди Тоҷикистон бо вазирони иқтисоди кишварҳои  ИДМ 

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар гуфтугӯ бо ҳамтоёни худ дар кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои  Мустақил(ИДМ) тақвияти ҳамкории иқтисодиро баррасӣ кард.

Ба гузориши Вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон, Завқӣ Завқизода дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои нахуствазирони кишварҳои ИДМ дар Минск, пойтахти Беларус бо вазирони иқтисоди кишварҳои Русия, Қазоқистон, Узбекистон ва Беларус дидору гуфтугӯ кард.

Дар ин дидорҳо тарафайн дар мавриди тақвияти ҳамкориҳои ду ҷониба дар ҳавзаҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ табодули назар карданд.

Баррасии осебҳои густариши бемории корона дар иқтисоди миллӣ ва минтақаӣ аз дигар мавзӯоти матраҳ шуда дар ин гуфтугӯҳо буд.

Дар поёни ҷаласа тарафайн омодагии худро барои тақвияти бештари ҳамкориҳо эълом карданд.

Бештар бихонед: