Ба волидайни панҷгоникҳо хонаи нав эҳдо шуд
(last modified Thu, 03 Jun 2021 03:31:23 GMT )
Июн 03, 2021 08:31 Asia/Dushanbe
  • Ба волидайни панҷгоникҳо хонаи нав эҳдо шуд

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси вилояти Хатлон як хонаи истиқоматӣ ба волидайни панҷгоникҳо дар ноҳияи Қубодиён эҳдо карданд.

Ба гузориши сомони “Pressa.tj”, Ширин Амонзода ва Қурбон Ҳакимзода ба муносибати рӯзи байналмилалии кӯдак калиди ин хонаро ба Мурод Муҳаммадов ва Дилноза Муҳммадово, волидайни панҷгоникҳо таҳвил доданд.

Ин хона бо ҳазинаи 200 ҳазорсомонӣ аз буҷети давлатии вилояти Хатлон ва кумаки афроди некӯкор дар мудати се моҳ сохта шудааст.

Модари панҷгоникҳо Дилноза Муҳаммадова ва дигар аъзои хонавода аз ин иқдоми мақомот изҳори минатдорӣ намуданд. Ҳоло саломатии панҷгоникҳо Фотимаву Зуҳро,Ҳасану Ҳусейн ва Оиша хуб буда, таҳти назорати табибон қарор доранд.  Дар Тоҷикистон дар солҳои  гузашта ҳолатҳои таваллуди дугоникҳо, сегоникҳо ва чоргоникҳо ба қайд гирифта шуда буданд, аммо таваллуди панҷгоник бори нахуст мебошад. 

 

Бештар бихонед :