Июн 03, 2021 11:51 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Душанбе ва Тошканд барои омӯзиши афсарони низомии тоҷик

Мақомати ҳукуматӣ аз тавофуқи Душанбе ва Тошканд барои омӯзиши афсарони тоҷик дар донишгоҳҳои низомии Узбекистон хабар доданд.

Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, бар ин асос, довталабони таҳсил дар риштаҳои низомӣ аз Тоҷикистон метавонанд аз моҳи сентябри соли ҷорӣ вориди доншгоҳоии низомии Узбекистон шаванд.

Акнӯн мақомоти вазоратҳои дифои ду кишвар дар ҳоли машварат барои мушаххас кардани теъдоди донишҷӯён, риштаҳои мавриди ниёзи нерӯҳои мусаллаҳ ва бурсия(саҳмия) ҳастанд.

Вазорати дифои Тоҷикистон теъдоди солонаи довталабони вурӯд ба ба донишгоҳҳои низомии ин кишвар дар дохил ва марокизи омӯзишии хориҷиро 400 нафар унвон кардааст. Аз ин теъдод 250 нафар дар Донишкадаи низомии Тоҷикистон ва бақия 50 тан дар марокизи омӯзиши ҷумҳурии Озарбойҷон, Русия, Қазоқистон ва Ҳинд таҳсил мекунанд.

Акнӯн ба ин феҳрист Узбекистон низ ворид хоҳад шуд.

Тибқи дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳама сола 89 нафар аз ҷавонони тоҷик бидуни озмӯн барои таҳсил дар марокизи омӯзиши низомии ин кишвар ва хориҷ пазириш мешаванд, ки умдатан ятимон ва фарзандони хонаводаҳои фақир мебошанд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп