Июн 03, 2021 12:26 Asia/Dushanbe
  • Судӯри асноди ҷадид барои сокинони ноҳияи Исфара

Масъулони Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар ноҳияи Исфара барои сокинони ду деҳаи Хоҷаи Аъло ва Сомониён, ки дар даргирии марзии рӯзҳои 28 ва 29 апрели соли ҷорӣ бо Қирғизистон асноди ҳувиятии онҳо сӯхта ва нобуд шудааст, шиносномаҳои ҷадид содир карданд.

Ба гузориши сомонаи Спутник, Муҳиба Ёқубӣ, мудири Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ) - и шаҳри Исфара дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, асноди шаҳрвандон иборат аз шаҳодатнома дар бораи сабти никоҳ ва зоднома иборат буда, рӯзи гузашта ба соҳибонашон, сокинони деҳоти Хоҷаи Аъло ва Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ дастрас карда шуд.

Вай таъкид кардааст, ки ин асноди ҷадид ба таври ройгон бо ҳазинаи давлат барои ин афрод содир шудааст.

Ба гуфтаи вай ба тадриҷ дигар асноди ҳувиятии сокинони ин ду деҳа деҳа, аз ҷумла гувоҳиномаи таваллуди фарзандон, асноди моликияти замин ва хона пас аз баррасии каршиносӣ ва бо истифода аз архиви ноҳияи Исфара барои афроди осебдида аз даргириҳои марзии рӯзҳои 28 ва 29 апрели соли ҷорӣ низ ройгон содир хоҳад шуд.

Бар асари даргирии марзии рӯзҳои 28 ва 29 апрели гузашта дар марзи вилоятҳои Суғду Ботканд миёни марзбонони тоҷику қирғиз 56 нафар кушта ва 240 тан аз ду тараф захмӣ шуданд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп