Апрел 17, 2023 17:13 Asia/Dushanbe
  • Файнэншл Таймс: Ифшои асноди маҳрамонаи Пентагон зарбае ба амният ва эътибори Амрико аст

Рӯзномаи британиёии Файнэншл Таймс, ифшои асноди маҳрамонаи вазорати дифои Амрико (Пентагон)-ро шармовару ғайриқобили тавҷеҳ унвон кард ва онро зарбае ҷадид ба амнияту эътибори Амрико донист.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба тозагӣ асноду ҷузъиёти маҳрамонаи тарҳи Амрико ва НАТО барои таҷҳизи артиши Украина барои ҳамла ба Русия ва низ асноди маҳрамонаи дигари давлати Ҷо Байден, дар шабакаҳои иҷтимоии “Твиттер” ва “Телеграм” мунташир шуда, ки бозтобҳои бисёре дошта ва ифшокунандаи воқеиятҳои бисёре дар ҳавзаҳои мухталиф аст.

Байден рӯзи панҷшанбе муддаӣ шуд, ки интишори ин аснод «паёмади муҳимме» надорад.

Файнэншл Таймс дар идома гузориш дод, ифшои асноди маҳрамонаи Пентагон илова бар осеб задан ба равобити ин кишвар бо муттаҳидонаш, ба кумаки рақибони он низ хоҳад омад.

Ниҳодҳои Амрико як ҷавони 21 соларо ба иттиҳоми ифшои ин аснод боздошт кардаанд.

 

Барчасп