Русия 4 муҷримро ба дархости Тоҷикистон ба Душанбе истирдод кард
(last modified Sat, 05 Jun 2021 13:59:55 GMT )
Июн 05, 2021 18:59 Asia/Dushanbe
  • Русия 4 муҷримро ба дархости Тоҷикистон ба Душанбе истирдод кард

Додситонии кулли Русия аз истирдоди 4 муҷрим ба дархости Тоҷикистон ба Душанбе хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Спутник, дар баёнияи Додситонии кулли Русия таъкид шудааст, ки ин 4 нафар муттаҳам ба таҳдид алайҳи амнияти иҷтимоӣ, мушорикат дар фаъолияти созмонҳои террористӣ ва фирор аз хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон мебошанд, ки ба кишварашон истирдод шудаанд.

Яке аз ин афрод Анушервон Аҳмадалиев дар соли 2016 барои ҷазби ҷавонон ба суфӯфи гурӯҳҳои террористӣ таблиғ кардааст, ки ба дархости Додситонии кули Тоҷикистон дар Русия боздошт шуд. Ҷинояткори дигаре, ки ба Тоҷикистон истирдод шудааст, Зиератшо Хушвахтов, бино ба иттилои хадамоти матбуоти додситонӣ, ба он айбдор мешавад, ки моҳи октябри соли 1997 дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон бо маслиҳати пешакӣ бо шариконаш вориди саҳни хонае шуда, дар он ҷо як нафарро кушта, барои пинҳон кардани ҷиноят ду фарзандашро низ ба қатл мерасонад. Фарди сеюм Шӯҳрат Аҳмадов мебошад, ки дар соли 2017 дар Тоҷикистон ба куштор муттаҳам шуда ва ба Русия фирор кардааст.

Аммо шаҳрванди чаҳоруми тоҷикистонии муттаҳам ба фирор аз хидмати ҳарбӣ мебошад, ки ба ҳамроҳи се нафари дигар ба Душанбе мунтақил шудааст.