Ҳадафи Узбакистон ва Тоҷикистон барои афзоиши мубодилоти тиҷорӣ то як миллиард доллар
Вазири сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷии Узбакистон, ки ба Душанбе сафар кардааст, дар дидори ҳамтои тоҷики худ, бар афзоиши ҳамкориҳои тиҷорӣ байни ду кишвар таъкид карданд.
Ба гузориши Вазорати иқтисоди Тоҷикистон, Сардор Умурзоқов, муовини нахуствазир ва вазири сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷии Узбакистон, ки бо сафари кории якрӯза дар Душанбе қарор дорад, бо мақомоти аршади тоҷик дидор ва гуфтугӯ кард.
Умурзоқов дар дидори муштарак бо Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдо ва Шералӣ Кабир, вазири саноат ва фанновариҳои нави Тоҷикистон низ масоили марбут ба сафари ояндаи раиси ҷумҳурии Узбакистон ба Тоҷикистонро баррасӣ карданд.
Тарафайн ҳамчунин дар ин дидор, дар мавриди афзоиши табодулоти тиҷории мутақобил то як миллиард доллар, афзоиши зарфияти тавлидӣ барои тавсеаи содирот ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар маҳдудаи манотиқи озоди иқтисодии Тоҷикистон бо истифода аз таҷрибаи Узбакистон тавофуқ карданд.
Дар моҳҳои январ ва апрели соли ҷорӣ мубодилаи тиҷорӣ байни ду кишвар бо афзоиши 30 дарсадӣ, ба 133 миллион доллар расид.
Бештар бихонед:
- Тоҷикистон ва Узбакистон пас аз марзбандии Қирғизистон осонсозии рафту омадро баррасӣ карданд
- Нуздаҳумин ҷашнвораи байналмилалии “Абрешим ва адвияҷот” дар Узбакистон