Июн 07, 2021 12:01 Asia/Dushanbe
  • Толибон хостори ҳалли танишҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон аз тариқи музокира шуд

Толибон аз Тоҷикистону Қирғизистон даъват кардааст, ки "мушкилатонро аз тариқи гуфтугӯ бо дарёфти роҳи маъқулу мантиқӣ ҳал кунед, ин ба хайри ҳар ду давлат аст".

Ин паёми "Толибон"-ро Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯйи ин гурӯҳ дар "Твиттер"-аш навишт: " Толибон бар ҳар ду кишвари исломӣ ва бародар садо менамояд, ки талош кунед, мушкили худро аз роҳи гуфтугӯ ҳал намоед".

Паёми "Толибон" ба ду кишвари мусалмонии Осиёи Марказӣ барои бо гуфтушунид ҳал кардани мушкилашон дар ҳолест, ки ин гуруҳ бо вуҷуди имзои тавофуқномаи сулҳ бо ИМА ва розӣ шудан барои бо роҳи гуфтушунил ҳал кардани танишҳо бо ҳукумати Афғонистон, ҳанӯз ҳам бар амалҳои террористияш идома медиаҳд.

Аз ҷумла баъди эълони хуруҷи неруҳои ИМА аз Афғонистон ин гуруҳ ба хушунатҳо ва амалҳои террористӣ идома дод, ба гуфтаи мақомоти масъули давлати Афғонистон ин ҳаракатҳоро бештар карда, мехоҳад нишон бидиҳад, ки қудрати бештаре дорад.

Толибон дар идома гуфтаанд, "мо аз рӯи таҷрибаи худ аз мақомоти ҳар ду кишвар умедворем, ки манофеи дарозмуддат, оромиш ва амнияти миллатҳои худро дар назар гирифта, аз роҳи ҳамдигарфаҳмӣ ва гуфтугӯ, ҳалли маъқул ва мантиқӣ барои мушкилашон пайдо кунанд. Ин дар хайри ҳар ду кишвар ва ҳар ду миллат хоҳад буд".

Толибон пеш аз ин низ бо мавзеъгирӣ дар бораи муноқишаи Озарбойҷон ва Арманистон бар сари Қарабоғи Кӯҳӣ гуфта буданд, ки ин минтақа бар асоси қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид бахше аз хоки Озарбойҷон аст, аммо Арманистон ҳанӯз ба ишғоли ин минтақа идома медиҳад.

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп