Июн 07, 2021 19:32 Asia/Dushanbe
  • Оғози амалиёти иҷроии бунёди бузургроҳи Роғун - Оби гарм - Нуробод

Амалиёти иҷрои бунёди бузургроҳи Роғун - Оби гарм – Нуробод оғоз шуд.

Ба гузориши “Ховар”, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафар ба ноҳияи Нуробод, аз наздик аз чигунагии бунёди ин тарҳ ошно шуд.

Ин тарҳ қарор аст дар 3 марҳила иҷро шавад, ки марҳалаи аввали он ба тӯли 30 километр дар масири минтақаи Оби гарм - Таги камар аст.

Фази дувуми ин тарҳ низ ба тӯли 44 километр аз ноҳияи Таги камар оғоз ва то Нуробод идома дорад.

Аммо дар дар марҳалаи сеюми ин тарҳ, қарор аст як пул ба тӯли 760 метр сохта шавад.

Мақомоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҳазинаи кулли ин тарҳро 4 миллиард сомонӣ (ҳудуди 381 миллион доллар) эълом карданд, ки аз ҳисоби маблағ ва гранти ниҳодҳои моллии минтақаӣ ва байналмилалӣ пардохт мешавад.

 Эмомалӣ Раҳмон бо ҳузур дар маҳалли иҷрои марҳалаи аввали ин тарҳ, бо рӯнамоӣ аз санги намодини эҳдоси бузургроҳ, дастури оғози иҷрои ин тарҳро содир кард.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп