Судӯри ҳукми зиндон барои яке фарзандони Саидқиёмиддини Ғозӣ
(last modified 2021-06-08T13:44:05+00:00 )
Июн 08, 2021 18:44 Asia/Dushanbe
  • Судӯри ҳукми зиндон барои яке фарзандони Саидқиёмиддини Ғозӣ

Фарзанди 27 солаи яке аз рӯҳониёни машҳури тоҷик ба 11сол зиндон маҳкӯм шуд.

Додгоҳи шаҳри Душанбе, Саидҳасан Саидқиёмиддин, фарзанди Саидқиёмиддини Ғозӣ, яке аз рӯҳониёни машҳури тоҷик дар даҳаи 1990-ро ба 11 сол зиндон маҳкум кард.

Ба гузориши сомонаи Топ Тҷ, додгоҳи Саидҳасан ба далели маҳрамона будани парванда ғайриаланӣ баргузор шуд, аммо бастагони Саидҳасан гуфтанд, вай ба иттиҳоми ифротгарӣ ба 11 соли зиндон маҳкум шудааст.

Гуфта мешавад, ки ӯ дар июли соли 2020 ба ҳамроҳи ду бародари диграш ба номҳои Саидмуҳаммад ва Саидмуҳаммадӣ боздошт, вале бо гузоштани санад озод шуд.

Саидмуҳаммад дар октябри соли 2020 ба 13 сол зиндон маҳкум шуд ва сарнавишти Саидмуҳаммадӣ ҳам ҳанӯз мушахас нест.

Падари онон Саидқиёмиддини Ғозӣ дар соли 2017 дар Петербурги Русия боздошт ва ба Душанбе мунтақил ва ба 25 сол зиндон маҳкум шуд, ӯ дар даргириҳои моҳи майи соли 2019 дар зиндони ноҳияи Ваҳдат кушта шуд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп