Тавсеъаи ҳамкорӣ меҳвари ройзании вазири нерӯи Эрон бо мақомоти Тоҷикистон
(last modified Tue, 08 Jun 2021 13:52:59 GMT )
Июн 08, 2021 18:52 Asia/Dushanbe
  • Тавсеъаи ҳамкорӣ меҳвари ройзании вазири нерӯи Эрон бо мақомоти Тоҷикистон

Вазирони нерӯи Эрон ва  молияи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо якдигар дидору гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши сомонаи Ховар, масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, энергетика, сармоягузорӣ ва  саноат  дар мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Файзиддин Қаҳҳорзода ва Вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон Ризо Ардакониён дар Душанбе баррасӣ гардиданд. Дар ин хусус Вазорати молияи кишвар итилоъ медиҳад.

Ҷонибҳо доир ба тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ мубодилаи афкори судманд намуданд.

Бояд зикр кард, ки Вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон Ризо Ардакониён, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки дирӯз дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, бо як ҳайат ба Тоҷикистон омадааст.

 

Бештар бихонед: