Имзои 30 созишномаи ҳамкорӣ дар ҷараёни сафари Мирзиёев ба Тоҷикистон
Интизор меравад дар ҷараёни дидори рӯзҳои 10 ва 11 июни соли ҷории Шавкат Мирзиёев аз Тоҷикистон 30 тавофуқномаи ҳамкорӣ байни ду кишвар имзо шавад.
Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, мақомоти ҳукуматӣ дар Душанбе гуфтаанд, ки ин сафар дар ду марҳала анҷом мешавад, ки рӯзи нахуст дар Душанбе ва рӯзи дувум дар Хуҷанд хоҳад буд.
Бар асоси барномаи тадвиншуда маросими истиқбол аз раиси ҷумҳури Узбекистон дар Душанбе, дидори вай бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳурӣ, музокироти дуҷониба ва имзои 30 созишномаи ҳамкорӣ дар шаҳри Душанбе анҷом хоҳад шуд.
Ин созишномаҳо шомили сохти роҳи оҳани Водии Зарафшон ба вилояти Самарқанд, азсаргирии ҳаракати дубораи автобусҳои мусофирбарӣ миёни ду кишвар, осонсозии рафту омади мусофирон ва васоили нақлия, афзоиши муддати ҳузури шаҳрвандони ду кишвар бидуни сабт дар идорти интизомӣ ва барқӣ кардани роҳи оҳани Бекобод, Конибодом ва Хуҷанд мешавад. Аммо дар рӯзи дувуми сафари Мирзиёев ба Тоҷикистон вай ба ҳамроҳи Эмомалӣ Раҳмон ба Хуҷанд меравад ва аз чанд маркази муҳимми санъатии шимоли Тоҷикистон боздид мекунад.
Тоҷикистон ва Узбекстон эълом кардаанд, ки қасд доранд муомилоти тиҷории дуҷонибаро ба 1 миллиарддоллар дар сол бирасонанд.
Дар соли 2020 ба далели густариши вируси корона ин шохиси 333 миллиондоллар буд.
Бештар бихонед: