Июн 10, 2021 09:05 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Эрону Тоҷикистон барои пайвасти шабакаҳои барқӣ

Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя бар зарурати пайвасти шабакаҳои барқи ду кишвар ба ҳамдигар аз тариқи масирҳои мавҷӯд ба тавофуқ расиданд.

Ба гузориши ИРНА, чаҳордаҳумин иҷлоси Комиссиони муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, илмӣ, фарҳангӣ, фаннӣ ва иҷтимои Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои душанбе ва сешанбеи ҳафтаи ҷорӣ бо масъулияти Вазорати нерӯи Эрон ва Вазорати энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Дар поёни ин нишаст, Ризо Ардакониён, вазири нерӯ ва раиси эронии Комиссиони муштараки ҳамкориҳои Эрон ва Тоҷикистон ва Далери Ҷумъа, Вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон, санади поёнии иҷлосияи чаҳордаҳуми Комиссиони ҳамкориҳои ду кишварро имзо ва ибрози умедворӣ карданд, ин санад мояи густариши равобити дуҷониба шавад.

Ризо Ардакониён дар ин нишаст бо ишора ба иштирокҳо ва зарфиятҳои фароҳам дар ду кишвар дар заминаҳои мухталиф гуфт, бо вуҷӯди ҳусӯли тавофуқҳои бисёр хуб дар иҷлоси пешин, ниёз аст, ки дар ҷиҳати иҷрои тавофуқҳо иқдомҳои муассиртаре ба амал ояд.

Далери Ҷумъа, Вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон ва раиси тоҷикии комиссион низ гуфт, умед меравад баргузории ин ҷаласа мӯҷиби ҷаҳиши қобили тавваҷуҳ дар равобити Теҳрону Душанбе дар ҳамаи заминаҳо шавад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп