Низоми интиқоли барқ бо пешпардохт дар ду шаҳри вилояти Хатлон иҷроӣ мешавад
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи иҷроӣ кардани низоми ҳӯшманди пардохти ҳазинаи барқ барои ду шаҳри Бохтар ва Кӯлоби вилояти Хатлонро тасвиб кард.
Ба гузориши сомонаи Топ Тҷ, Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ҳангоми ироаи ин тарҳ ба Маҷлиси намояндагон гуфтааст, барои иҷроӣ кардани ин тарҳ, 15 миллиондоллар кумаки ройгони Иттиҳоди Аврупо, 20 миллиондоллар воми Бонки рушд ва бозсозии Аврупо ихтисос ёфтааст.
Мақомоти Ширкати давлатии “Барқи тоҷик” мегӯянд, аз ҳисоби насби шуморишгар(ҳисобкунак)-и ҳӯшманди барқ дар вилояти Суғд ва бархе аз навоҳии марказии ин кишвар аз итлоф(масраф)-и беш аз 19 дарсади барқ ҷилавгирӣ кардаанд.
Бар асоси муқаррарот, муштаракони барқ муваззаф ҳастанд, ки оғози ҳар моҳ ҳазинаи барқи масрафии худро ба унвони пешпардохт ба ҳисоби Ширкати давлатии “Барқи тоҷик” вориз кунанд ва интиқоли барқ ба манозили маскунӣ фақат бо доштани карти вижаи пардохти ҳазинаи хадамот имконпазир хоҳад буд.
Агар муштаракон ба мавқеъ барои пардохт маблағи барқи масрафӣ иқдом накунанд, тайи 10 то 15 рӯз барқи онон қатъ мешавад.
Гуфта мешавад, акнӯн дар шаҳри Хуҷанд 62 ҳазор нафар, ноҳияи Рӯдакӣ 10 ҳазор нафар ва шаҳри Кӯлоб 8 ҳазор нафар аз муштариён бо пешпардохт, барқ дарёфт мекунанд.
Бештар бихонед: