Судури ҳукми зиндон барои як мубаллиғи ақоиди ифротигарӣ дар Тоҷикистон
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як ҷавонро баи иттиҳоми таблиғи афкори гуруҳҳои ифротӣ ба зиндон маҳкум кард .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник,Қудратуллоҳи Азизуллоҳ,ҷавони 23 сола дар Душанбе, ки сокини минтақаи Зиракии шаҳри Кулоб аст, ба иттиҳоми таблиғи афкори гуруҳҳои ифротӣ дар ҷомеъа бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоии интерентӣ ба 5 солу 6 моҳ зиндон маҳкум шуд .
Вай бо ибрози пушаймонӣ аз ин иқдом аз додгоҳ дархост кард, ки дар муҷозоташ сабукӣ дода шавад .
Бар асоси банди 3071-и қонуни ҷиноии Тоҷикистон афроде, ки мубаллиғи афкори гуруҳҳои ифротӣ ҳастанд ба 5 то 10 сол зиндон маҳкум мешаванд .
Бештар бихонед :
-
Пешниҳоди семарҳилаии Бонки Ҷаҳонӣ барои коҳиши ифротигарӣ миёни ҷавонони тоҷик
-
Сабти ҳазору 29 маврид ҷинояти муртабит бо терроризм ва ифротгарӣ дар Тоҷикистон