Кумаки Бонки Рушди Осиё ба Тоҷикистон барои хариди ваксинаи корона
(last modified Thu, 17 Jun 2021 06:51:26 GMT )
Июн 17, 2021 11:51 Asia/Dushanbe
  • То ба ҳол Бонки Рушди Осиё ба Тоҷикистон ба маблағи 1 миллиарду 400 миллион доллар кумаки ройгон расонидааст
    То ба ҳол Бонки Рушди Осиё ба Тоҷикистон ба маблағи 1 миллиарду 400 миллион доллар кумаки ройгон расонидааст

Мудирияти Бонки рушди Осиё бо ихтисоси 25 миллион доллар кумаки ройгон ба Тоҷикистонбарои хариди ваксинаи корона мувофиқат кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл  аз сомонаи Тоҷ Вик, дар баёнияи мудирияти Банки Рушди Осиё таъкид шудааст, ки ин кумаки молии ройгон барои хариди ваксини корона ва бартараф кардани авоқиби бемории Ковиди 19 дар Тоҷикистон ҳазина хоҳад шуд.

Кумаки ройгони 25 миллион долларии Бонки Рушди Осиё ба Тоҷикистони заминаи хариди 3 миллион доза ваксинаи корона барои тазриқ ба беш аз 1  миллиону 300  ҳазор нафар аз атбоъи ин кишварро фароҳам месозад.

Ҳукумати Тоҷикистон низ бо ирояи барномаи миллии мубориза бо бемории Ковиди 19 аз тарҳи тазриқи ваксинаи корона ба 62 дарсад  аз ҷамъияти болои 18 соли ин кишвар хабар додааст.

Теъдоди кулли ҷамъияти Тоҷикистон  наздик ба 10 миллион нафар мебошад.

Банки Рушди Осиё дар соли 2020 барои мубориза бо бемории Ковиди 19 кумаки ройгони 50 миллион долларӣ ба Тоҷикистон ихтисос дода буд.

Ҳамкории Бонки Рушди Осиё ва Тоҷикистон аз соли 1998 ва дар поёни ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд ва то ба ҳол беш аз ду миллиарду 400 миллион доллар ба ин кишвар кумаки молӣ ихтисос ёфтааст, ки як миллиарду 400 миллион доллари он ройгон будааст.

Бештар бихонед: