Маҳкумияти 8 нафар дар Тоҷикистон ба иттиҳоми пайвастан ба ДИИШ
Додгоҳи вилояти Хатлон дар ҷануби Тоҷикистон, 8 сокини ноҳияи Қубодиёнро ба иттиҳоми талош барои пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ, аз 1 то 21 сол зиндон маҳкум кард.
Ба гузориши сойти Авесто, додгоҳ иттиҳомоти ин 8 нафарро узвият дар гуруҳҳои ифротӣ, доманзадан ба ихтилофоти мазҳабӣ ва миллӣ унвон карда, бар асоси мизони иттиҳоми онон, ҳамагиро аз 1 то 21 сол зиндон маҳкум намудааст .
Дар ин миён фарде ба исми Исроил Низомов, ки аз вай ба унвони мубаллиғи гурӯҳи террористии ДИИШ ёд мешавад ва барои ҷазби 7 тани боқи монда ба узвияти ин гурӯҳ талош ба харҷ додааст, 21 солро дар зиндони низомаш сахт сипарӣ хоҳад кард.
Мақомоти додситонии Хатлон мегуянд, ки ҳангоми бозрасии манозили маскунии ин афрод, адабиёти таблиғотии гурӯҳи террористии ДИИШ, 200 адад навор, акс ва навори видеоии паёми полковник Гулмурод Ҳалимов, ки дар баҳори соли 2015 ба гурӯҳи такфирии ДИИШ пайваста буд, кашфу забт кардаанд. Вай дар ин навори таблиғотӣ аз ҷавонони тоҷик дархост кардааст, ки ба гуруҳи ДИИШ бипайванданд .
Мақомоти амниятии Тоҷикистон теъдоди шаҳрвандони ин кишвар дар таркиби гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия ва Ироқро беш аз 1 ҳазор нафар унвон мекунанд, ки то ба ҳол беш аз 240 тан аз ин афрод кушта шудаанд.