Коҳиши 9 дарсадии мизони интиқоли пули коргарони муҳоҷир аз Русия ба Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i69014-Коҳиши_9_дарсадии_мизони_интиқоли_пули_коргарони_муҳоҷир_аз_Русия_ба_Тоҷикистон
Коргарони муҳоҷири тоҷик аз оғози имсол то кунун 329 миллион доллар ба Тоҷикистон интиқол доданд.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Июн 18, 2021 19:16 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши 9 дарсадии мизони интиқоли пули коргарони муҳоҷир аз Русия ба Тоҷикистон

Коргарони муҳоҷири тоҷик аз оғози имсол то кунун 329 миллион доллар ба Тоҷикистон интиқол доданд.

Ба гузориши сомонаи “Авесто”, Бонки марказии Русия эълом кард, ин мизон даромади молии ирсолии коргарони муҳоҷир аз Русия ба Тоҷикистон дар муқоиса бо давраи монанди сол қабл 9 дарсад коҳиш ёфтааст.

Дар соли 2020 коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия ба кишварашон 1 миллиарду 741 миллион доллар ирсол карда буданд, ки дар муқоиса бо соли 2019 бо коҳиши 835 миллиондолларӣ рӯ ба рӯ шуда буд. Далели аслии коҳиши даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон, густариши вируси корона эълом шудааст.