Қадрдонии сафири Эрон дар Тоҷикистон пас аз баргузории интихобот
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i69082-Қадрдонии_сафири_Эрон_дар_Тоҷикистон_пас_аз_баргузории_интихобот
Сафири Эрон дар Тоҷикистон дар паёме аз эрониёни муқими ин кишвар барои ҳузур дар интихобот ташаккур кард.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Июн 19, 2021 19:35 Asia/Dushanbe
  • Қадрдонии сафири Эрон дар Тоҷикистон пас аз баргузории интихобот

Сафири Эрон дар Тоҷикистон дар паёме аз эрониёни муқими ин кишвар барои ҳузур дар интихобот ташаккур кард.

Муҳаммадтақии Собирӣ дар паёми худ гуфт, аз тамомии ҳамватанони муҳтарами муқими Тоҷикистон, ки барои сарафрозии Эрони азиз дар сездаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии ширкат намуданд ва ҳамчунин аз ҳамаи авомили иҷроӣ ва назоратӣ, ки аз ҳеч талоше барои баргузории итихоботе шоиста дареғ накарданд, самимона сипосгузорӣ менамоям.