Июн 22, 2021 09:10 Asia/Dushanbe
  • Шиносоии мавридҳои ҷадиди беморони коронаӣ дар Тоҷикистон
    Шиносоии мавридҳои ҷадиди беморони коронаӣ дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз ибтилои теъдоде аз шаҳрвандон ба корона дар манотиқи мухталифи ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл  аз сомонаи Азия плюс, дар ҷаласаи 21 июн ситоди мубориза бо бемории коронаии Тоҷикистон иллати шуюъи дубораи беморӣ дар бархе аз манотиқи кишварро саҳлангорӣ, риоят накардан муқаррароти беҳдоштӣ ва сафари афроди олуда ба коронаи аз хориҷ эълом шуд.

Пас аз ин нишаст дар иттилоъияе аз сокинони Тоҷикистон дархост шуд, бо истифода аз ниқоб, парҳез  аз ширкат  дар таҷаммуъот,  худдорӣ аз сафарҳои ғайризарурӣ ва шустушӯи мураттаби дастҳо аз ҳамагирии дубораи бемории корона ҷилавгирӣ кунанд.

Пеш аз ин баъзе  аз табибон низ аз ибтилои теъдоде аз шаҳрвандони манотиқи мухталифи Тоҷикистон ба корона хабар дода буданд, вале мақомоти беҳдоштии кишвар  ин ахборро таъйид намекарданд.

Ин дар ҳолест, ки  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Тоҷикистон ҳамвора эълом мекард, ки аз ибтидои соли 2021 ҳеч мавриди ҷадиди бемории мубтало ба Ковиди 19 дар ин кишвар шиносоӣ нашудааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп