Июн 22, 2021 17:42 Asia/Dushanbe
  • Баррасии чашмандози густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Амрико дар шаҳри Душанбе

Чашмандози густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Амрико дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуд.

Ба гузориши сомонаи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо Дин Томсон, ёвари муовини вазири умури хориҷаи Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Миёна дидор ва гуфтугӯ кард.

Дар ин мулоқот тарафайн дар мавриди вазъияти феълӣ ва чашмандози густариши ҳамкории чандҷониба байни Тоҷикистону Иёлоти муттаҳида баҳсу табодули назар карданд.

Ҳамчунин дар ин мулоқот дар бораи роҳҳои тақвияти ҳифозати марзҳо, муборизаи муштарак бо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноии фаромиллӣ ва қочоқи маводди мухаддир табодули назар шуд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп