Июн 22, 2021 18:55 Asia/Dushanbe
  • Озодии сархатиби собиқи масҷиди ноҳияи Шоҳмансур

Сархатиби собиқи масҷиди марказии ноҳияи Шоҳмансур озод шуд.

Ба ҳамроҳи Абдулҳақ Обидов, Азиз Турков ва Аҳмадхоҷа Табаров, ки ба иллати иртибот бо ӯ 3 моҳ пеш боздошт шуда буданд ҳам озод шуданд.

Ба ҳамроҳи Абдулҳақ Обидов Абузар Шухиев, Абдулло Маҳмадуллоев, Азиз Турков ва Ахмадхоҷа Табаров ба далели иртибот бо ин рӯҳонӣ боздошт шуданд.

Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Тоҷикистон эълом кард, ки ин рӯҳонӣ ба далели узвият дар гурӯҳҳои “Салафӣ” боздошт шуд.

Аммо дӯстону наздикон иллати дастгирии ӯро суханронии ҷанҷолии Обидов дар маросими ҷанозаи домулло Ҳикматуллоҳ эълом карданд.

Обидов дар он суханронӣ аз домулло Ҳикмтуллоҳ ба унвони раҳбари бузург ёд карда буд.

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ эълом кард, ки дастгирии Обидов ба суханронии вай дар маросими хоксупории домулло Ҳикматуллоҳ иртиботе надорад.

Абдулҳақ Обидов, зодаи деҳаи Ҷангалаки шаҳри Ваҳдат, соли 1999 Донишкадаи исломии Тоҷикистонро хатм кардааст

Вай аз соли 2017 сархатиби масҷиди ҷомеи марказии ба номи Имоми Аъзам дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе буд.

Бештар бихонед:

Барчасп