Дидори раиси гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо сафири Фаронса дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i69332-Дидори_раиси_гурӯҳи_дӯстии_Маҷлиси_намояндагони_Тоҷикистон_бо_сафири_Фаронса_дар_Тоҷикистон
​​​​​​​Раиси гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо сафири Фаронса дар Тоҷикистон дидор кард.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Июн 23, 2021 20:09 Asia/Dushanbe
  • Дидори раиси гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо сафири Фаронса дар Тоҷикистон

​​​​​​​Раиси гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо сафири Фаронса дар Тоҷикистон дидор кард.

Дар дидори Идигул Қосимзода бо Мишел Торон, масоили густардае аз мавзӯоти марбут ба равобити дуҷонибаи байни Тоҷикистон ва Фаронса, аз ҷумла равобити байнипорлумонии байни ду кишвар баҳсу баррасӣ шуд.

Тарафайн дар мавриди роҳҳову равишҳои тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба, ба вижа аз тариқи афзоиши мубодилаи дидори намояндагони олирутбаи Тоҷикистон ва Фаронса низ табодули назар карданд.

Тарафи фаронсавӣ дар ин мулоқот ба тавонмандиҳо ва фурсатҳои фаровон барои тавсеаи ҳамкориҳо дар заминаҳои амниятӣ, энержӣ, кишоварзӣ, ҳамлунақл ва иртиботот, гардишгарӣ, омӯзиш ва фарҳанг ҳам ишора кард.

 

Бештар бихонед: