Оғози пардохти қарзи бонки муфлисшудаи Содироти Тоҷикистон
(last modified Thu, 24 Jun 2021 04:51:43 GMT )
Июн 24, 2021 09:51 Asia/Dushanbe
  • Ориёнбонки Тоҷикистон қарзи бонки муфлисшудаи Содиротро ба кредиторон пардохт мекунад.
    Ориёнбонки Тоҷикистон қарзи бонки муфлисшудаи Содиротро ба кредиторон пардохт мекунад.

Ориёнбонки Тоҷикистон қарзи бонки муфлисшудаи Содиротро ба кредиторон пардохт мекунад.

ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон  ба нақл аз Спутник,  қарзи ин бонк ба  муштариён аз манобеи молии  Фонди суғуртаи Тоҷикистон ва фурӯши амволу дороиҳои бонк пардохт мешавад.

Маблағи ниҳоӣ ба кредиторони Бонки Содирот  30 ҳазор сомонӣ ва барои муштариёне, ки пасандози асъорӣ доранд, муодили 21 ҳазор сомонӣ эълом шудааст.

Мӯҳлати пардохти қарзи бонк дар назди муштариён як сол муқаррар карда шудааст.

Бонки Содирот аз 5 ҳазору 500 муштарӣ қарздор аст.

Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаҳои ду бонки муфлисшудаи Содирот  ва сармоягузории кишоварзиро 21 майи соли равон бекор кард.

 

Бештар бихонед: