Июн 24, 2021 10:33 Asia/Dushanbe
  • Дар се рӯзи охир дар Тоҷикистон 50 нафар ба вируси корона сироят ёфтанд
    Дар се рӯзи охир дар Тоҷикистон 50 нафар ба вируси корона сироят ёфтанд

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз сабти 18 мавриди ҷадиди мубталоён ба вируси корона тайи 24 соати гузашта дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии садои хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Тоҷикистон,тайи се шабонарӯзи ахир 50   нафар ба вируси корона гирифтор шудаанд.

Аммо мақомоти ин вазорат мегӯянд, ки мавриди ҷадиди фавтӣ бар асари ин беморӣ сабт нашудааст.

Бо ин ҳоли Наврӯз Ҷаъфаров  масъули идораи бемориҳои вогирдор дар Вазорати тандурустӣу ҳифзи иҷтимои аҳолии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки навъи вирусе, ки ахиран  сокинони ин кишвар ба он мубтало шудаанд, мушаххас нест; чунки таҷҳизот ва озмоишгоҳҳои пешрафтае, ки навъи вирусро мушаххас кунад, дар Тоҷикистон вуҷуд надорад.

Аз ин рӯ намунаҳои озмоиш ба Маскав ва Лондон ирсол шудааст то дар он ҷои навъи ин вирусро мушаххас кунанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп