Кумаки Бонки Аврупо ва Осиё ба Тоҷикистон барои навсозии шабакаҳои барқ
Бонки аврупоии таҷдид ва рушди Аврупо ва Бонки Рушди Осиё барои навсозии шабакаҳои барқи Тоҷикистон 110 миллион доллар ҷудо кардаанд.
Ба гузориши хабаргузории Форс аз Душанбе, ин иқдом шомили воми 25 миллиондолларии Бонки аврупоии таҷдид ва Рушди Аврупо ва кумаки молии 85 миллиондолларии Бонки Рушди Осиё мешавад, ки заминаи бакоргирии системаҳои пешрафтаи ҳисоби барқ ва беҳбуди вазъияти шабакаҳои барқ дар 7 шаҳри Тоҷикистонро фароҳам хоҳад кард.
Тибқи ин гузориш, ин пружа ҳамчунин насби системаҳои суратҳисоб ва кумак ба навсозии шабакаҳои энержиро дар шаҳрҳои «Душанбе» , «Бутон», «Данғара», «Конибодом », « Исфара», «Истаравшан» ва «Панҷакент» дар назар дорад.
Интизор меравад, ки ин тарҳ партовҳои энержиро тақрибан 30 гигаватт коҳиш диҳад ва партовҳои CO2-ро дар як сол барои Тоҷикистон тақрибан 2000 тонна коҳиш диҳад, омадааст дар гузориш.
Токунун Банки аврупоии таҷдид ва Рушди Аврупо ба мизони 765 миллион евро ҷиҳати иҷрои 140 пружа дар Тоҷикистон сармоягузорӣ анҷом додааст.
Бештар бихонед: