Имзои тафоҳумномаи ҳамкории руасои федератсияҳои футболи Тоҷикистон ва Қатар
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i69372
Раиси федератсияи футболи Тоҷикистон бо раиси Иттиҳодияи футболи Қатар дидор ва гуфтугӯ кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 24, 2021 12:12 Asia/Dushanbe
  • Раиси федератсияи футболи Тоҷикистон бо раиси Иттиҳодияи футболи Қатар дидор ва гуфтугӯ кард.
    Раиси федератсияи футболи Тоҷикистон бо раиси Иттиҳодияи футболи Қатар дидор ва гуфтугӯ кард.

Раиси федератсияи футболи Тоҷикистон бо раиси Иттиҳодияи футболи Қатар дидор ва гуфтугӯ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз федератсияи футболи Тоҷикистон  дар дидори Рустами Эмомалӣ бо Ҳамд  ибни Халифа  ибни Аҳмад  ас-Сонӣ масоили мухталифи риштаҳои варзишӣ бавижа футбол  ва равишҳои тавсеъаи он дар минтақа  баҳс ва баррасӣ шуд.

 

Раиси иттиҳодияи футболи Қатар дар ин дидор назароти худро дар мавриди тақвияти ҳамкории варзишӣ иброз кард.

Раиси федератсияи футболи Тоҷикистон ҳам дар ин мулоқот гуфт: Ҳамкориҳои мутақобили федератсияи футболи Тоҷикистон ва Иттиҳодияи футболи Қатар  бисёр хуб аст.

Рустами Эмомалӣ  илова кард: Коршиносон, варзишгарон ва доварони Тоҷикистон бо ширкат дар давраҳои омӯзишӣ, ки дар Қатар баргузор мешавад тавонистанд  маълумоти худро ҳадди меъёрҳои ҷаҳонӣ афзоиш диҳанд.

Дар ин дидор  ду тараф  тафоҳумномаи ҳамкории 5-сола имзо карданд.

 

Бештар бихонед: