Назари мутахассиси тоҷик дар бораи муқобила бо бемории корона
Июн 26, 2021 09:29 Asia/Dushanbe
Тарси гирифторӣ ба ин беморӣ масунияти баданро паст мекунад, мегӯяд мутахассиси тибби тоҷик.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, бо таваҷҷӯҳ ба шуюъи дубораи корона, ситоди пешгирии корона дар Тоҷикистон аз шаҳрвандон хост, ки шеваномаҳои қоидаҳои саломатиро риоя кунанд.
Мутахассисон инчунин мегӯянд, ки одамон набояд аз беморӣ ҳарос дошта бошанд, зеро тарс иммунитети бадан ва муқовимат ба бемориро паст мекунад.
Онҳо гуфтанд, ки ҳар кас метавонад танҳо бо риояи маслиҳатҳои тиббӣ аз беморӣ эмин бошад.
Мустафохон Ҳакимов, муттахасиси соҳаи тиб мегӯяд:
Барчасп