Июн 26, 2021 18:00 Asia/Dushanbe
  • Ширкати Умед Бобозода дар нишасти ҳуқуқи башари Авруосиё

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон дар нишасти навбатии Иттиҳодияи Авруосиё дар умури ҳуқуқи башар ширкат кард.

Ба гузориши сомонаи Ховар, Умед Бобозода, дар ин ҷаласа, ки дар шаҳри Маскав баргузор шуд, дар бораи шеваҳои ҳифзи ҳуқуқи фардӣ ва иҷтимоии афроди маълул суханронӣ кард.

Дар ин нишасти намояндагони кишварҳои Федератсияи Россия, Сербия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷумҳуриҳои Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон ва Тоҷикистон, инчунин аз кишварҳои мухталифи фазои Осиё ва Аврупо, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ ширкат варзиданд.

Ширкаткунандагон дар поёни ҷаласа тавофуқ карданд, ки нишасти баъдӣ дар октябри соли ҷорӣ дар Маскав баргузор шавад.

 

Барчасп