Корпартоии коргарони тоҷики кони тиллои Кумағи болои ноҳияи Айнӣ
Коргарони тоҷики кони тиллои Кумарғи болои ноҳияи Айнии Тоҷикистон даст аз кор кашиданд.
Ба гузориши яке аз манобеи хабарии Осиёи Марказӣ, ҳудуди 200 коргари тоҷики кони тиллои Кумарғи болои ноҳияи Айнӣ ба далели кайфияти пойини ғизо, эътисоб карданд.
Истихроҷи тилло аз ин конро як паймонкори чинӣ бар ӯҳда дорад.
Бештари коргарон мегӯянд, ки ваъдаҳои ғизои онҳо биринҷи обпаз ва ё гандуми сиёҳ (гречка) аст.
Ҳамчунин ошпазҳои паймонкори чинӣ аз маводи ғизоии бесифат барои пухти ғизо истифода мекунад.
Онҳо ба нишонаи эътироз зарфҳои ғизои худро рӯйи замин партоб карданд.
Коргарон баён мекунанд, чун ин кон дар баландиҳо қарор дорад ва кор дар он ҳам бисёр сахт ва тоқатфарсо аст, бояд ғизои муқаввӣ бихӯранд.
Бархе коргарон ҳам мегӯянд, корфармо ғизои обпаз ва бидуни гӯшт дар ваъдаҳои ғизоӣ майл мекунад.
Ҳамчунин бархе низ аз кам будани маошашон эътироз доштанд ва мегуфтанд, наметавонанд харҷи хонаводаи худро таъмин кунанд.
Захираи тилло дар кони Кумарғи боло 30 тон тахмин зада шудааст.