Июн 28, 2021 18:59 Asia/Dushanbe
  • Идомаи ваксинатсияи корона дар Тоҷикистон

То 27 июн ба 205 ҳазору 619 нафар дар Тоҷикистон ваксинаи корона тазриқ шудааст.

Ба гузориши Вазорати тандурустии Тоҷикистон, ҳамчунин 18 ҳазору 29 шаҳрванди Тоҷикистон ҳам то ин таърих дозаи дувуми ваксинаи корона тазриқ карданд.

Ваксинатсияи афроди болои 18 сол низ дар шаҳри Душанбе оғоз шудааст.

Мутахассисон мегӯянд, ваксинатсия яке аз беҳтарин роҳҳо барои ҷилавгирӣ аз густариши корона аст.

Дар 24 соати гузашта 24 нафар дар Тоҷикистон ба корона мубтало шудаанд.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп