Июл 04, 2021 11:22 Asia/Dushanbe
  • Ширкати ду шиногари тоҷик дар Олимпадаи 2020 Токио

Ду шиногари тоҷик дар рақобатҳои олимпии Токио ширкат мекунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Анастасия Тюрина ва Алимҷон Ишонов-ду варзишкори тоҷикистонӣ ҳастанд, ки тавонистанд роҳхати ҳузур дар бозиҳои олимпиро ба даст оранд.
Ин роҳхатро Федерасиюни байналмиллалии шино барои онҳо содир кард.
Тибқи қонунҳои Федерасиюни байналмиллалии шино,  Кумитаи миллии олимпии ҳар кишвар, ки дар бахши занону мардон шиногари олимпӣ надошта бошанд метавонанд беҳтарин варзишкорро  дар бахшҳои занону мардон барои ширкат дар олимпиада муаррифӣ кунанд .
Бар асоси ҳамин қонун Анастасия Тюрина бо 492 имтиёз дар байни занон ва Алимҷон Ишонов бо 336 имтиёз дар байни мардон беҳтарини рутбаро дар Тоҷикистон ба даст оварда буданд.
Анастасия Тюрина ва Алимҷон Ишонов дар бозиҳои олимпии 2016 Бразилия ҳам ҳузур доштанд .

 

Барчасп