Коҳиши кумакҳои башардӯстона ба Тоҷикистон
(last modified 2021-07-04T09:37:37+00:00 )
Июл 04, 2021 14:37 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши кумакҳои башардӯстона ба Тоҷикистон

Арзиши кумакҳои башардӯстона ба Тоҷикистон дар апрел ва майи соли ҷорӣ ҳудуди 5 миллиону 600 ҳазор доллар будааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Азия Плюс ҳамчунин арзиши кумакҳои ирсолӣ ба Тоҷикистон дар муқоиса бо апрели  ва майи соли гузашта низ 1 миллиону 500 ҳазор доллар камтар аст.
Тоҷикистон аз ибтидои соли ҷорӣ то кунун ҳам 25.4 миллион доллар кумаки башардӯстона дарёфт кардааст .
Таи панҷ моҳи аввали соли ҷорӣ 28 кишвар ҳудуди 8 ҳазор тон анвоъи таҷҳизоти пизишкӣ, колои доруӣ ва маводи ғизоӣ ба Тоҷикистон ирсол карданд .
Ҳамчунин аз оғози имсол то кунун Чин 31 дарсад, Русия 17 дарсад, Ҳинд 16 дарсад, Иёлоти Муттаҳида  7 дарсад, Ҷопон 6 дарсад, Кория 4 дарсад , Швейтсария ва Белгия 3 дарсад, Олмон 3 дарсадоланд 2 дарсад ва Италия 1 дарсад аз саҳми кумакҳои башардӯстона ба Тоҷикистонро ба худ ихтисос доданд.



Бештар бихонед :

 

Барчасп