Июл 04, 2021 16:09 Asia/Dushanbe

Шиканҷа ё саҳлангорӣ, додгоҳи ноҳияи Ваҳдат расидагӣ ба парвандаи корманди полисро оғоз кард.

Меҳроҷиддин Гадозодаи 31солаи сокини Ваҳдат,  10 пас аз чандин соати боздошт дар идораи полис даргузашт.

Ба гуфтаи мақомоти полис, вай замоне, ки талош кард аз маҳали боздошт фирор кунад бар асари суқӯт аз табақаи сеюми идораи полиси шаҳри Ваҳдат кушта шуд.

Мақомоти вазорати колрҳои дохилаи Тоҷикистон дар баёнияе гуфтанд, ӯ барои ҷавоб надодан ба иттиҳомоти дуздӣ, худро аз панҷараи идораи полис ба берун андохт.

Аммо наздикони Меҳроҷиддин Гадозода иддао мекунанд, ки вай бар асари шиканҷаи полис фавт кардааст.

Дар робита ба марги ин ҷавони 31 сола, додситонӣ нисбати капитани милиса Хушвахт Файзуллозода бо моддаи 322, қисми 2-и Кодеки ҷиноӣ парванда боз намудааст. Ин меъёри қонун "иҷро накардани вазифаҳои худ аз ҷониби шахси мансабдор" аст, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон гашта, ҷарима ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то 5 солро пешбинӣ мекунад.

Садои Тоҷиниссо Гадозода, хоҳар ва Ҳабибуллоҳ Гадоев, амаки  Меҳроҷиддин Гадозодаро дар ин бора бишанвед:

 

Барчасп