Паноҳ овардани теъдоде аз нерӯҳои низомии Афғонистон ба Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i69974-Паноҳ_овардани_теъдоде_аз_нерӯҳои_низомии_Афғонистон_ба_Тоҷикистон
Толибон назорати минтақаи Хоҳон дар вилояти Бадахшони Афғонистонро тасарруф карданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 05, 2021 09:20 Asia/Dushanbe
  • Толибон назорати минтақаи Хоҳон дар вилояти Бадахшони Афғонистонро тасарруф карданд.
    Толибон назорати минтақаи Хоҳон дар вилояти Бадахшони Афғонистонро тасарруф карданд.

Толибон назорати минтақаи Хоҳон дар вилояти Бадахшони Афғонистонро тасарруф карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл  аз маркази матбуотии нерӯҳои марзбонии Комитети амнияти миллии Тоҷикистон, соати 18:30 дақиқаи 4 июли 2021 гурӯҳи Толибони тавонистанд  ноҳияи Хоҳони Афғонистонро ишғол кунанд.

Дар ин даргирӣ 94 низомии Афғонистон аз тариқи гузаргоҳи марзии “Шоҳин ” ба хоки Тоҷикистон паноҳ оварданд.

Марзбонони тоҷик низ ба далели ҳисси инсондӯстӣ ба сарбозони Афғонистон иҷозаи вуруд ба хоки Тоҷикистон доданд.