Тоҷикистон 20 ҳазор низомиро роҳии марз бо Афғонистон мекунад
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шаби душанбе дастури эъзоми 20 ҳазор низомии захира барои тақвияти марзи ин кишвар бо Афғонистонро содир кард.
Ба гузориши хабаргузории " Спутник "-и Русия, дар иттилоъияи сервиси матбуотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки Раҳмон дастури эъзоми 20 ҳазор сарбози захираро дар ҷаласаи Шӯрои амнияти [ миллӣ ] ин кишвар содир кардааст.
Бар асоси ин иттилоъия, дар нишасти Шӯрои амнияти миллии Тоҷикистон, масаълаи тазмини амният дар манотиқи марзӣ ва иттихози иқдомоте барои тақвияти марзҳои ин кишвар мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтааст.
Як манбаи огоҳ дар Комитети амнияти миллии Тоҷикистон низ рӯзи душанбе ба хабаргузории русии РИА Новости гуфт, ки гурӯҳи Толибон дар ҳоли ҳозир беш аз 70 дарсади хати марзии Афғонистон бо Тоҷикистонро таҳти назорат дорад.
Дастури эъзоми низомиёни захираи Тоҷикистон ба марзҳои ин кишвар бо Афғонистон пас аз он сурат мегирад, ки беш аз 300 нафар аз нерӯҳои давлатии Афғонистон, бо ақабнишинӣ дар баробари Толибон ба Тоҷикистон гурехтаанд.
Мақомоти амниятии кишварҳои ғарбӣ эълом карданд, ки нерӯҳои Толибон назорати беш аз 100 минтақа аз Афғонистонро дар ихтиёр гирифтанд, ҳарчанд ки худ ин гурӯҳ муддаист, ки теъдоди манотиқе, ки ба дасти онҳо афтодааст 200 минтақа дар 34 устон аст ки масоҳати ниме аз Афғонистонро шомил мешавад.
Бештар бихонед: