Оғози тадобири беҳдоштӣ дар марокизи хариди шаҳри Душанбе
Коргурӯҳи пешгирӣ аз ин бемориҳои уфунӣ дар бозорҳои шаҳри Душанбе иқдомоти тавҷеҳиро оғоз кард.
Ба гузориши сомонаи шаҳрдории шаҳри Душанбе ин афрод дар бозорҳои “Меҳргон” ва “Варзоб”-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ иқдомоти иттилоърасонӣ дар бораи чигунагии пешгирӣ аз ибтило ба коронаро барои мардум тавзеҳ медиҳанд.
Яке аз муҳимтарин иқдомоти тавҷеҳии ин коргурӯҳҳо тафҳими зарурати тазриқи ваксинаи корона барои мардум аст.
Наргис Шарифзода, ноиби раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ гуфт, бовуҷуди афзоиши иқдомоти тавҷеҳӣ ва беҳдоштӣ муттаассифона ҳануз теъдоди зиёде аз шаҳрвандони шаҳри Душанбе шеваномаҳои беҳдоштиро риоят намекунанд.
Ӯ афзуд, бар асоси тасмими Ситоди муқобила бо коронаи Тоҷикистон ҳар рӯзи 196 гурӯҳи тавҷеҳӣ дар шаҳри Душанбе ва навоҳии он фаъолият мекунанд.
Шарифзода идома дод, онҳо бо назорат дар маконҳои умумӣ харидорон ва фурӯшандагонро ба риояти фосилаи иҷтимоӣ, шустушӯи дастҳо ва истифода аз ниқоб тарғиб мекунанд.
Бештар бихонед:
- Зарурати тазриқи ваксинатсия барои қатъи занҷираи корона
- Таҳвили дувумин маҳмулаи ваксинаи корона моҳи август ба Тоҷикистон